Ҳисоботи солонаи 2015

Раиси суд Холиқмуродзода Д.А.

Кормандони суди ноҳияи Восеъ барои ба амал баровардани адолати суди, таъмини хифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, манфиати давлат, корхонаву муассиса ва ташкилотҳо дар соли 2015 як қатор корҳои  муайянро ба сомон расониданд. Онҳо дастуру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомали Раҳмон, қарору фармонҳои Шўрои адлия, Суди Олӣ, суди вилоят ва Раёсати Шўрои адлияро сармашқи кори худ карда, дар давоми мўҳлати ҳисоботӣ кори худро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле беҳтар намуданд.

Кори суди ноҳия дар асоси нақшаи пешакӣ тартиб дода ба роҳ монда шуда, барои сари вақт ва дар мўҳлатҳои дар қонун пешбинишуда, бо сифат баррасӣ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, таъмини иҷроиши саривақтии қарорҳои суд ва саривақт ҳаллу фасл намудани арзу шикояти шаҳрвандон, ҳолати коргузорӣ дар дафтархонаи суд, назорат  ва  ташкил намудани  кабули шаҳрвандон, риоя намудани интизоми меҳнат ва ѓайра аҳамияти ҷиддӣ дода шуд.

Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ ба суди ноҳияи Восеъ 98 –адад (дар соли 2014 бошад — 112) парвандаҳои ҷиноятӣ ворид шуда, аз инҳо 61-адад парванда нисбати 70-нафар моҳиятан бо баровардани ҳукм дида баромада шудааст. Пешбурди 8-парвандаи ҷиноятӣ нисбати 8-нафар дар истеҳсолоти судӣ қатъ карда шудааст.

Рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ноҳия нисбат ба соли 2014 содиршавии ҷиноят 14-адад камтар шудааст, ки ин натиҷаи мусбӣ мебошад.

Нишондиҳандаи ташвишовар он аст, ки шумораи маҳкумшудагон дар давраи ҳисоботӣ 70-нафарро ташкил додааст, ки аз ин 9-нафараш занон мебошанд.

Дар ин самт зарур аст кори Шўъбаи САҲШ-и ноҳия, Шўъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Восеъ, мутахассисони ҷамоатҳои деҳот ва ҷамоати шаҳраки Восеъ оиди кор бо занон ва оила беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад. Имрўз лаҳзае фаро расидааст, ки ба ин масъала таваҷҷўҳи дигар роҳбарону шахсони мансабдор, фаъолон, мўйсафедону занҳои ботадбиру рўзгордида ва ҳар як фарди худогоҳи ноҳия ҷалб карда шавад. Зеро болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни занҳо, ҷиноят содир кардану маҳкум шудани зан-модар, ки ҳаётбахшу тарбиятгари насли наврас мебошад, боиси нигарониву ташвиш аст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба суд 103-адад парвандаҳои гражданӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2014-ум 31-адад зиёд мебошад. Аз ин шумора 40-парванда бо баровардани фармон ва 19-парвандаҳои гражданӣ моҳиятан бо баровардани ҳалнома баррасӣ шуда, дар 16-ҳолат даъвоҳо пурра ё қисман қонеъ карда шудаанд. Пешбурди 5-адад парвандаҳои гражданӣ дар истехсолот қатъ  карда шуда, бо 21-парванда даъво бе баррасӣ мононда шудааст. Дар ҳамин давра 4–парванда дар маҷлиси сайёри судӣ баррасӣ карда шудааст, ки нисбат ба соли 2014-ум 2-ҳолат зиёдтар аст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба суди ноҳияи Восеъ 718-адад парвандаҳои оилавӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2014-ум 95-адад зиёдтар мебошад. Аз ин шумора 1-парванда бо баровардани фармон ва 495-парвандаҳои оилавӣ моҳиятан бо баровардани ҳалнома баррасӣ шуда, дар 493-ҳолат даъвоҳо пурра ё қисман қаноатбахш карда шудаанд. Пешбурди 22-адад парвандаҳои оилавӣ дар истеҳсолот қатъ карда шуда, бо 102-парванда даъвоҳо бе баррасӣ мононда шудаанд.

Дар ҳамин давра 33-парванда дар маҷлисҳои сайёри судӣ баррасӣ карда шуда (соли 2014 — 17), доир ба 23-парванда таъиноти хусусӣ қабул карда шудааст (соли 2014 — 13).

Дар давраи ҳисоботӣ дар суди ноҳияи Восеъ 708-адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2014-ум 46-адад зиёдтар мебошад. Аз ин миқдор моҳиятан бо баровардани қарор 697-парванда нисбати 697 нафар баррасӣ карда шудааст. Аз ҷумла нисбати 68 — нафар ҷазои маҳрум намудан аз ҳуқуки идораи воситаҳои нақлиёт, нисбати 89 — нафар огоҳии маъмурӣ ва нисбати 32-нафар ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин карда шудааст. Дар ҳамин давра 7-парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар истеҳсолот қатъ карда шудааст.

Дар ҳамин давра 181-парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар маҷлиси сайёри судӣ баррасӣ карда шудааст (дар соли 2014 – 117 адад).

Ба мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба онҳо фаҳмонидани қонунҳои амалкунанда, пешгирии қонуншиканӣ ва паст гардидани сатҳи ҷинояткорӣ, инчунин ба аҳолӣ фаҳмонидани мазмун ва мундариҷаи дастур ва супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, фаҳмондадиҳии Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳодар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», судяхои суди ноҳияи Восеъ ва кормандони дастгоҳи суд 36-маротиба дар корхонаву муассиса, ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо бо аҳолӣ вохўриҳо доир карданд.

Инчунин, бо ҳамин мақсад нақшаи чорабиниҳо дар алоҳидагӣ тартиб дода шуда, дар давраи ҳисоботӣ ҳамаи бандҳои он амалӣ карда шуданд.

Чунончи, дар ҳамин давра 8-маротиба дар ҷамоатҳо ва макотиби миёнаи ҳудуди ноҳия вохўрии судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бо фаъолон, аз ҷумла занҳои фаъол, хонандагони мактабҳо ва аҳолӣ гузаронида шуданд, ки дар онҳо кормандони дастгоҳи суд таҳти роҳбарии амалии судяҳо фаъолона иштирок намуда, доир ба масъалаҳои мубрами рўз бо маърўзаҳои пурмўҳтаво баромад намуданд. Рафти ин вохўриҳо пурра тариқи ВАО-и маҳаллӣ, аз ҷумла шабакаи телевизиони маҳаллии «Мавҷи озод», рўзномаи маҳаллии «Гулхани Восеъ» инъикос карда шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷаи давлатӣ аз ҳисоби  ҷарима, боҷи давлатӣ ва дигар хароҷотҳои судӣ ҷамъ маблаѓи 282.756-сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба соли 2014-ум 116.009-сомонӣ зиёдтар мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ судяҳои суди ноҳияи Восеъ 2-маротиба тавассути Шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо», 12 маротиба тариқи шабакаи телевезиони маҳаллии «Мавҷи озод», 4 — маротиба тавассути Шабакаи телевизионии «ТВ Хатлон» баромад намуданд. Дар ҳамин давра як барномаи мукаммал оиди фаъолияти суд омода ва тавассути Шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» пахш карда шуда, инчунин ҳафт мақолаи раиси суд дар нашрияи ноҳиявии «Гулхани Восеъ» нашр гардидааст.

 

 

Холиқмуродзода Д.А.

Раиси суди ноҳияи Восеъ

Машгулияти семинари дар суди нохияи Восеъ

 

Раиси суд Холиқмуродзода Д.А.

Раиси суд Холиқмуродзода Д.А.

               Рўзи 26-уми феврали соли равон дар бинои суди ноҳияи Восеъ машғулияти семинарии навбатии судяҳои суди вилояти Хатлон (дар минтақаи Кўлоб) ва судҳои шаҳру навоҳии минтақаи Кўлоб, инчунин дар алоҳидагӣ машғулияти семинарии кормандони дастгоҳи судҳои мазкур (ёрдамчиёни раисони судҳо, мушовирони судҳо, тарҷумонҳо, котибони судҳо, котибони маҷлиси судӣ, приставҳои судӣ) баргузор гардид.

                Дар оғози машғулияти семинарии судяҳо, ки тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси суди вилояти Хатлон ва сардори Раёсати Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон моҳе як маротиба гузаронида мешавад, лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

               Маърўзачиён аз ҷумла зикр карданд, ки бинобар қабул ва мавриди амал қарор дода шудани як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ба миён омадани муносибатҳои нави ҳуқуқӣ ва дигаргуниҳои назаррас дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон амри саривақтӣ ва муҳим аст.

                Сипас ҳар як моддаи лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар алоҳидагӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Инчунин, мавзўъҳои дар нақша муайяншуда мавриди таҳлил ва баҳсу мунозира қарор дода шуданд. Судяҳо ба семинар бо тайёрии хуб омада, доир ба мавзўъҳои тибқи нақша ба онҳо вобасташуда муфассал баромад намуданд.

Дар охир аз ҷониби раисони Коллегияҳои судӣ-муовинони раиси суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб сабабу асосҳои бекоршавӣ ва тағир додани санадҳои судии судҳои марҳилаи якум дар моҳи феврали соли 2016 таҳлилу ҷамъбаст карда шуданд.

Холиқмуродзода Д.А.

Раиси суди ноҳияи Восеъ

тел (83311) 22014 факс 22173

тел (83311) 22014 факс 22173

Маърузаи раиси суд дар чамъомади тантанави бахшида ба рузи Парчами давлатии Чумхурии Точикистон

Мењмонони гиромї, њамкасбон ва њозирини арљманд!

Њар сол рўзи бисту чоруми ноябр мо рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистонро љашн мегирем. Мувофиќи моддаи 3 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки чанде пештар, рўзи 6-уми ноябр мардуми Тољикистон 20-солагии ќабули онро ботантана љашн гирифт, Парчам дар ќатори Нишони давлатї ва Суруди Миллї, яке аз рамзњои давлатии Љумњурии Тољикистон мебошад.

Муносибатњои љамъиятиро вобаста ба тасдиќ, тасвир, тартиби тайёр ва истифода кардани Парчами давлатї, ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи рамзњои давлатии Љумњурии Тољикистон тањти №254 аз 12 майи соли 2007 сол танзим менамояд. Мувофиќи моддаи 5 ќонуни мазкур, парчами давлатї аз љумла дар маљлисгоњи судњои Љумњурии Тољикистон ба таври доимї афрохта мешавад.

Инчунин, тибќи моддаи 141 Ќонуни конститутсионии ЉТ «Дар бораи судњои ЉТ», дар болои бинои суд парчами давлатии Љумњурии Тољикистон ва дар толору њуљрањои кории судяњо Парчам ва тасвири Нишони давлатии Љумњурии Тољикистон гузошта мешавад.

Бењуда нест, ки рамзњои давлатии Љумњурии Тољикистон-Парчам, Нишони давлатї ва Суруди Миллиро муќаддасоти миллї меноманд. Зеро ин рамзњои расмии њокимияти давлатї ва ифодагари соњибихтиёрии давлати Тољикистон буда, тањти њимояи ќонун ќарор доранд.

Аз љумла, дар моддаи 342 КЉ Љумњурии Тољикистон барои тањќир кардани рамзњои давлатии Љумњурии Тољикистон љавобгарии љиноятї (љарима ба андозаи то 500 н.б.њ. ё мањдуд кардани озодї ба мўњлати то ду сол ё мањрум сохтан аз озодї ба мўњлати то як сол) пешбинї карда шудааст.

Мехоњам доири ин моддаи ќонуни љиноятї каме сухан гўям. Объекти љинояти мазкур обрў ва эътибори давлати Тољикистон мебошад ва мањз бо њамин сабаб, моддаи 342 дар боби 31 фасли 13 КЉ Љумњурии Тољикистон, яъне дар ќатори љиноятњо ба муќобили тартиби идоракунї љой дода шудааст. Зеро тањќир кардани рамзњои давлатї обрў ва эътибори давлати Тољикистонро паст намуда, дар натиља фаъолияти идоракунии мўътадилро халалдор месозад.

Тарафи объективии љинояти мазкур аз њаракатњои фаъолона бо маќсади тањќир кардани рамзњои давлатии Љумњурии Тољикистон иборат аст. Тањќири рамзњои давлатии ЉТ дар намуди ќасдан нобуд кардан ё зарар расонидан ба онњо бо њаргуна усул зоњир гардиданаш мумкин аст. Масалан, бо роњи дар рамзњои давлатї ифода кардани навиштаљот, аломатњо ва суратњои тањќиромез истифода кардани парчам, дарронидан ва ё поймол кардани он. Зимнан муњим нест, ки ин њаракатњо ошкоро содир шудаанд ё ба таври пинњонї. Нисбати Суруди Миллї бошад, мумкин аст ба матни он њамроњ кардани калимаву иборањои тањќиромез њамчун тањќир њисобида шавад.

Агар ин њаракатњо ба таври оммавї ва бо истифода ё тањдиди истифодаи зўроварї нисбати шањрвандон, ё бо расонидани зарари љиддии моддї содир гарданд, пас кирдори шахс аз рўи маљмўи љиноятњо бо моддаи 342 ва дигар моддаи дахлдори КЉ Љумњурии Тољикистон бандубаст карда мешавад.

Субъекти љиноят шахси воќеии мукаллаф, ки ба синни 16-солагї расидааст, шуда метавонад.

Тарафи субъективии љиноят бо ќасди бевосита тавсиф мегардад, яъне гунањгор дарк менамояд, ки рамзњои давлатии Љумњурии Тољикистонро тањќир карда истодааст ва содир кардани чунин кирдорро мехоњад. Аз ин љо бармеояд, ки аз беэњтиётї роњ додан ба вайроншавї, дарридан ё бо тариќи дигар осеб дидани парчами давлатї, таркиби љинояти дар моддаи 342 КЉ Љумњурии Тољикистон пешбинишударо ташкил намедињад.

Барои муќоиса, дар Кодекси љиноятии Федератсия, љавобгарии љиноятї ба таври мушаххас барои тањќири Нишони давлатї ва Парчами давлатии Федератсияи Россия муќаррар карда шудааст.

Дар охир љашни рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистонро ба кулли Шумо, њамкасбони арљманд ва њамаи њамватанон муборакбод гуфта, таманнои онро мекунам, ки Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон њамчун рамзи давлатдорї ва орзуву омоли деринаи мардуми тољик, садсолањо парафшон ва роњнамои мо ба сўи фардои дурахшон бошад! Ба њар як сокини Тољикистон хонаободї, тансињатї ва хушбахтї таманно дорам.

Маърузаи раиси суд дар мачлиси тантанавии судяхо бахшида ба чашни 20-солагии Конститутсияи Чумхурии Точикистон

Агар озод будан хоњї, ѓуломи Ќонун бош.

Ситсерон.

 

 

Шашуми ноябри соли 2014 ба ќабули Конститутсия (Сарќонун)- и Љумњурии Тољикистон 20 сол пур мешавад. Бори аввал дар таърихи давлатдории тољикон, рўзи шашуми ноябри соли 1994 Ќонуни асосии кишвар аз љониби халќи Тољикистон тариќи раъйпурсии умумихалќї ќабул карда шуд. Метавон гуфт, ки он рўз мардуми шарифи Тољикистони азиз бори аввал мустаќилона тарзу усули давлатдорї, роњњои ташаккули љамъият ва тамоми соњањои хољагии халќ, ба таври дигар гўем, роњи зиндагиву давлатдории худро барои оянда интихоб намуд. Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар шароите ќабул карда шуд, ки ханўз вазъи сиёсиву иќтисодии кишвар побарљо набуд. Ба ин нигоњ накарда, мардуми шарифи Тољикистон дар раъйпурсї оиди ќабули Сарќонуни кишвар фаъолона иштирок намуданд ва он бо аксарияти овозњои ширкаткардагони раъйпурсї кабул карда шуд.

Конститутсия ќонуни асосии кишвар буда, арзиши олии њуќуќї дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд. Ин чунин маъно дорад, ки тамоми ќонунњои кониститутсионї, ќонунњо, дигар санадхои меъёрї-њуќуќї ва ѓайримеъёрие, ки дар ќаламрави Тољикистон амал мекунанд ва минбаъд ќабул карда мешаванд, бояд ба меъёрњо ва принсипњои кониститутсионї мутобиќ бошанд.

Сарќонуни кишвари мо аз 10 боб ва 100 модда иборат аст.

Боби њаљман калони Конститутсия боби дуюм буда. он аз 33 модда иборат аст ва ба њуќуќ, озодї, вазифањои асосии инсон ва шањрванд бахшида шудааст. Њамин тариќ, сеяки Сарќонуни кишвар ба њуќуќу озодї ва вазифањои асосии инсон ва шањрванд бахшида шудааст ва ин далели он аст, ки дар Љумњурии Тољикистон ягон неъмату сарват ё арзишњои дигар аз инсон дида волотар нестанд, њамаи неъматњои дунё барои инсон ва давлат низ дар хидмати ўст.

Конститутсия меваи Истиќлолият ва сутуни асосии тањкимбахшандаи он буда, санаи ќабули он њамчун яке аз санањои таърихсоз дар сањифањои китоби давлатдории тољикони тољдор бо њарфњои заррин сабт карда мешавад. Бењуда нест, ки Сарќонуни кишвари мо аз љониби як гурўњ коршиносони бонуфузи дунё аз љињати љой додани меъёрњои демокративу инсондўстї яке аз панљ Конститутсияњои бењтарин дар љањон эътироф карда шудааст.

Дар бораи моддањои алоњидаи Ќонуни асосии кишварамон метавон беохир сухан ронд ва онњоро тањлилу тафсир намуд, ки ба ин ваќт камї мекунад. Аммо бо овардани як-ду иќтибоси мухтасар иктифо хоњем кард.

Мувофиќи моддаи 1-и Конститутсия, Љумњурии Тољикистон давлати соњибихтиёр, демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва ягона мебошад.

Бархе аз шањрвандони мо чунин аќида доранд, ки имрўз давлати мо комилан њуќуќбунёд нест, зеро њанўз њам поймолшавии њуќуќу озодињои инсон ба назар мерасанд. Дар ин робита бояд ќайд кард, ки Конститутсия санади муњимтарини меъёрї-њуќуќии њар як давлат буда, он на барои давраи се-чор соли муайян, балки барои давраи дуру дарози таърихї ќабул карда мешавад ва барномаи рушди њаёти љаъмиятиву сиёсї ва иќтисодиву иљтимої дар кишвар мањсуб аст. Дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон роњи интихобкардаи халќ ва орзуву омоли ў инъикос гардидааст, ки дар тўли 20 соли баъди ќабули он аз тарафи давлату њукумати Љумњурии Тољикистон тањти роњбарии хирадмандонаи Сарвари давлат — мўњтарам Эмомалї Рањмон ва бо љидду љањду зањматњои мардуми кишвар зина ба зина амалї гашта истодаанд.

Њоло мо дар давраи њассоси гузариш, дар давраи поягузорї ба бунёди давлати воќеан демокративу њуќуќбунёд ќарор дорем, ки самарањои он аллакай ба чашм аёнанд. Барои ноил гаштан ба ин њадафњои олї, ки аз орзуву омоли мардуми шарифи Тољикистон сарчашма мегиранд ва дар Сарќонун инъикос гардидаанд, њар як фарди сокини Тољикистонро зарур аст, ки бо њисси масъулияти баланди ватандориву ифтихор аз мењани худ, дар рўњияи эњтироми волоияти ќонун ва бо нангу номуси тољикона ба мењнати софдилона машѓул шуда, бањри шукуфоии Ватани азизамон зањмат кашад.

Тамоми муваффаќиятњое, ки то имрўз сокинони Тољикистон ноил гардидаанд — тинљиву амният ва осмони софу беѓубори кишвар, хотирљамъиву саодати рўзгори мардум, бунёди иншооти муњими стратегї аз ќабили роњу пулњо, наќбњо, нерўгоњњои барќї, корхонањои истењсолии хурду бузург ва иншооти дигари муњими хољагии халќ, ки дар љумњурї сохта шуданд ва сохта шуда истодаанд, њамаи ин самараи истиќлолияти давлатї буда, бешубња, ба Конститутсия низ алоќамандї доранд. Зеро бе мављудияти Сарќонун ва низоми ќонунгузории миллї, амнияту тартиботи љамъиятї ва фаъолияти мўътадили њокимияти давлатї, ба чунин натиљањо ноил гардидан ѓайриимкон аст. Чунин як давраи заиф гардидани пояњои ќонунгузориро халќи мо аз сар гузаронидааст ва њар яки мо хуб медонем, ки он ба чигуна оќибатњо оварда мерасонад.

Дар охир љашни бистумин солгарди ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистонро ба Шумо, њамкасбони мўњтарам ва барои тамоми њамватанон муборакбод гуфта, таманнои онро мекунам, ки мардуми шарифи Тољикистон њарчї зудтар ба њадафњои олиаш, ки дар Сарќонун дарљ гардидаанд, мушарраф гардад. Бигузор, Конститутсияи Љумњурии Тољикистон садсолањо амал намояд ва роњнамои мардуми Тољикистон ба сўи фардои дурахшон бошад! Ба њар як сокини Љумњурии Тољикистон хонаободї, тансињатї ва хушбахтии комилро таманно дорам.

Ахборот оиди фаъолияти суд дар соли 2014

2 А Х Б О Р О Т оиди фаъолияти кории суди ноњияи Восеъ дар давраи соли 2014.

Кормандони суди ноњияи Восеъ барои ба амал баровардани адолати суди, таъмини хифзи њуќуќи шањрвандон, манфиати давлат, корхонаву муассиса ва ташкилотњо дар соли 2014 як ќатор корњои муайянро ба сомон расониданд. Онњо дастуру фармонњои Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомали Рањмон, ќарору фармонњои Шўрои адлия, Суди Олї, суди вилоят ва Раёсати Шўрои адлияро сармашќи кори худ карда, дар давоми мўњлати њисоботї кори худро нисбат ба њамин давраи соли гузашта хеле бењтар намуданд. Аз љумла, дар давраи њисоботї ба суди ноњияи Восеъ 112 — адад парвандањои љиноятї ворид гардидаанд, ки аз он 12 — парвандаи љиноятї баќия аз соли 2013 мебошад. Аз инњо дар давраи њисоботї 69-адад парванда нисбати 73-нафар шахсон моњиятан бо баровардани њукм дида баромада шуд. Пешбурди 28-парвандаи љиноятї нисбати 31-нафар дар истењсолоти судї ќатъ карда шудааст. 16-адад парвандаи љиноятї барои баррасї аз рўи тобеияти судї равон карда шудааст. Дар њамин давра 4-парвандаи љиноятї барои гузаронидани тафтиши иловагї баргардонида шудааст. Мўњлати якмоњаи баррасии ягон парвандаи љиноятї гузаронида нашудааст. Дар охири давраи њисоботї 7-адад парвандањои љиноятї баррасї нашуда, дар истењсолоти суд боќї мондааст. 16-адад парвандаи љиноятї дар маљлисњои сайёри судї дида баромада шуда, доир ба 29-парванда таъиноти хусусї ќабул карда шудааст. Шумораи мањкумшудагон дар ин давра 73-нафар мебошад, ки аз онњо 10-нафарашонро занон ташкил мекунад, ноболиѓон 2-нафар мебошанд.. Аз љумла, нисбати 26-нафар љазои мањрум сохтан аз озодї, нисбати 8-нафар љазои корњои ислоњї, нисбати 8-нафар моддаи 71 КЉ Љумњурии Тољикистон ва нисбати 29-нафар љазои љарима ба маблаѓи умумии 268.800-сомонї татбиќ карда шудааст. Аз ин маблаѓ дар давраи њисоботї 76.651-сомонї рўёнида шуда, боќимондаи маблаѓи љарима 192.149-сомониро ташкил медињад, ки мањкумшудагон дар асоси Ќонуни ЉТ «Дар бораи авф» аз пардохти он озод карда шудаанд. Ѓайр аз ин дар давраи њисоботї дар суди ноњия 25-адад дархостњои муфатиш ва прокурор оиди иљозат додан барои татбиќи чораи пешгирии ба њабс гирифтан, кофтукови манзил ва дигар дархостњои маќомоти тањќиќу тафтиши пешакї баррасї шудаанд. Дар давраи њисоботї ба суд 72-адад парвандањои гражданї ворид гардидааст. Аз ин аз соли 2013–ум 4-парвандањои гражданї боќї монда буд. Аз ин шумора 25-парванда бо баровардани фармон ва 15-парвандањои гражданї моњиятан бо баровардани њалнома баррасї шуда, дар 10-њолат даъвоњо пурра ё ќисман ќонеъ карда шудааст. Пешбурди 2-адад парвандањои гражданї дар истехсолот ќатъ карда шуда, бо 4-парванда даъво бе баррасї мононда шудааст. 10-парвандаи гражданї барои баррасї аз рўи тобеият равон карда шудааст. Дар њамин давра 2–парванда дар маљлиси сайёри судї баррасї карда шудааст. Дар охири давраи њисоботї дар истењсолоти суд 11-парвандаи гражданї баррасї нашуда боќї мондааст. Дар давраи њисоботї ба суди ноњияи Восеъ 623-адад парвандањои оилавї ворид гардидааст. Аз инњо аз соли 2013–ум 62-парвандањои оилавї боќї монда буд. Аз ин шумора 3-парванда бо баровардани фармон ва 457-парвандањои оилавї моњиятан бо баровардани њалнома баррасї шуда, дар 453-њолат даъвоњо пурра ё ќисман ќаноатбахш карда шудааст. Пешбурди 31-адад парвандањои оилавї дар истењсолот ќатъ карда шуда, бо 92-парванда даъвоњо бе баррасї мононда шудааст. 37-парвандаи оилавї барои баррасї аз рўи тобеият равон карда шудааст. Дар њамин давра 17-парванда дар маљлисњои сайёри судї баррасї карда шуда, доир ба 13-парванда таъиноти хусусї ќабул карда шудааст. Дар охири давраи њисоботї дар истењсолоти суд 68-парвандаи оилавї барраси нашуда боќї мондааст. Аз рўи парвандањои оилавї њамагї 4.459-сомонї бољи давлатї руёнида шуда, пурра ба фоидаи давлат пардохт карда шудааст. Дар давраи њисоботї дар суди ноњияи Восеъ 662-адад парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї ворид гардидааст. Аз ин миќдор моњиятан бо баровардани ќарор 640-парванда нисбати 643 нафар баррасї карда шудааст. Аз онњо нисбати 510 — нафар љарима ба маблаѓи умумии 197.760-сомонї таъин карда шудааст. Аз маблаѓи умумии љарима 79.680-сомонии он дар давраи њисоботї воќеан рўёнида шудааст, боќимондаи маблаѓи љарима 118.080-сомониро ташкил медињад. Нисбати 69 — нафар љазои мањрум намудан аз њуќуки идораи воситањои наќлиёт, нисбати 53 — нафар огоњии маъмурї ва нисбати 24-нафар љазои њабси маъмурї таъин карда шудааст. 7-парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї дар истењсолот ќатъ карда шуда, 15-парванда барои баррасї аз рўи тобеият супорида шудааст. Дар њамин давра 117-парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї дар маљлиси сайёри судї баррасї карда шудааст. Ба маќсади баланд бардоштани маърифати њуќуќии шањрвандон, ба онњо фањмонидани ќонунњои амалкунанда, пешгирии ќонуншиканї ва паст гардидани сатњи љинояткорї, инчунин дар ба пешвози љашни 20-солагии Сарќонун (Конститутсия)-и Љумњурии Тољикистон, ба ањолї фањмонидани мазмун ва мундариљаи дастур ва супоришњое, ки аз Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Мачлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 23 апрели соли 2014 бармеоянд, фањмондадињии Ќонуни ЉТ «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњодар Љумњурии Тољикистон», Ќонуни ЉТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», судяхои суди ноњияи Восеъ ва кормандони дастгоњи суд 39-маротиба дар корхонаву муассиса, љамоатњо ва мањаллањо бо ањолї вохўрињо доир карданд. Инчунин, бо њамин маќсад наќшаи чорабинињо дар алоњидагї тартиб дода шуда, дар давраи њисоботї њамаи бандњои он амалї карда шуданд. Чунончи, дар њамин давра 7-маротиба дар љамоатњо ва макотиби миёнаи њудуди ноњия вохўрии судяњо ва кормандони дастгоњи суд бо фаъолон, аз љумла занњои фаъол, хонандагони мактабњо ва ањолї гузаронида шуданд, ки дар онњо кормандони дастгоњи суд тањти роњбарии амалии судяњо фаъолона иштирок намуда, доир ба масъалањои мубрами рўз бо маърўзањои пурмўњтаво баромад намуданд. Рафти ин вохўрињо пурра тариќи ВАО-и мањаллї, аз љумла шабакаи телевизиони мањаллии «Мављи озод», рўзномаи мањаллии «Гулхани Восеъ» ва ќисман тариќи ВАО-и љумњуриявї, аз љумла тариќи Шабакаи якуми телевизиони Тољикистон инъикос карда шуданд. Дар давраи њисоботї ба буљаи давлатї аз њисоби љарима, бољи давлатї ва дигар харољотњои судї љамъ маблаѓи 166.747-сомонї ворид карда шудааст. Дар давраи њисоботї судяњои суди ноњияи Восеъ 13 маротиба тариќи шабакаи телевезиони мањаллии «Мављи озод», 3 — маротиба тавассути Шабакаи телевизионии «ТВ Хатлон» баромад намуданд. Дар њамин давра як барномаи мукаммал оиди фаъолияти суд омода ва тавассути Шабакаи телевизионии «Љањоннамо» пахш карда шудааст. Њамчунин дар ин давра њафт маќола дар нашрияи ноњиявии «Гулхани Восеъ» нашр гардид.

Раиси суди ноњияи Восеъ    

Д.А. Холиќмуродзода.

Варзиш

Дар давоми моњњои август ва сентябри соли 2014 бо ибтикори Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон бахшида ба 90-солагии маќомоти адлия ва судњои Љумњурии Тољикистон дар байни кормандони судњои шањру навоњии вилояти Хатлон, суди вилояти Хатлон, суди иќтисодии вилояти Хатлон, суди њарбии гарнизони Хатлон ва Раёсати Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон мусобиќаи волейбол баргузор гардид.
Тими волейболбозони судњои ноњияи Восеъ ва ноњияи Њамадонї дар байни тимњои дигар дар вилоят ѓолиб омада, ба гирифтани роњхат барои иштирок дар даврњои чорякнињої, нимнињої ва нињоии мусобиќа ба шањри Душанбе муваффаќ шуд.
Њамчунин, тими волейболбозони судњои ноњияи Восеъ ва ноњияи Њамадонї дар даврњои чорякнињої ва нимнињоии мусобиќа дар шањри Душанбе бар тимњои волейболбозони суди ноњияи Њисор ва судњои вилояти Суѓд ѓолиб омада, дар даври нињоии мусобиќа низ  ѓолибияти софро ба даст овард ва ѓолиби мутлаќи мусобиќот дониста шуд.
Љоми чемпиони мусобиќа ва нишонњои номии ѓолибон зимни баргузории маљлиси тантанавї бахшида ба 90-солагии маќомоти адлия ва судњои Љумњурии Тољикистон, ки дар бинои Китобхонаи Миллї баргузор гардид, аз љониби Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон муњтарам Абдуллозода Н. ва Раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон муњтарам Азиззода З.Н. супорида шуданд.
Дар акс: лањзањо аз рафти баргузории мусобиќаи волейбол.


Все права защищены © 2016 Суди ноҳияи Восеъ.
Thanx:
invalid email address